Афзоиши тавлиди гаҷкартон дар Тоҷикистон ва содироти он ба Узбакистону Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон эълон намудааст, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати саноати Тоҷикистон, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 

Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи август 12,0 ва дар 8 моҳ бошад, 10,9 %-ро ташкил дод. 

Дар Тоҷикистон 2 миллиону 700 ҳазор тон семент тавлид шудаст

Истеҳсоли семент ба 2,7 миллион тонна, хишт 104,0 миллион дона, газоблок 22,1 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 979,0 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 848,7 ҳазор дона ва шифер 662,3 ҳазор дона баробар шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 47,5 миллион доллар ва ҳаҷми воридот 28,7 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 19,1 миллион доллар зиёд мебошад.

“Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 47,6 миллион долларро ташкил медиҳад.Қисми зиёди воридотро кошин (11,0 миллион доллар), шиша (5,0 миллион доллар), маснуоти санитарӣ (1,7 миллион доллар), гаҷкартон (1,9 миллион доллар) ташкил додааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар ин давра 1063,4 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Узбекистон 634,5 ҳазор тонна, Афғонистон 379,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 49,7 ҳазор тонна содир гардидааст.

Инчунин содироти гаҷкартон 325,5 ҳазор донаро ташкил долдааст, ки дар маҷмӯъ ба Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содирот шудааст.