Ҷашнвораи беҳтарин либос барои хона, кор, фароғат, кӯдакон ва солхӯрдаҳо

Мақомоти вилояти Суғд аз баргузории даври аввали ҷашнвораи “Ҷилваи рангҳо” дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 19 сентябри соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон даври аввали ҷашнвораи “Ҷилваи рангҳо” баргузор гардид.

"Зан тоҷик бошаду либос - миллӣ": тӯйи Қамаров бо чакан дар САҲШ-и Русия - акс

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҷашнвора бо мақсади таъмини иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Суғд аз 22 августи соли 2019 баргузор шуд.

“Мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Бар асоси иттилои мақомот, ҷашнвора аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон”, “Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ”, “Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон”, “Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон”, “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси фароғатӣ” ва “Беҳтарин либос барои хона ва корхона” сурат гирифта, дар он зиёда аз 90 нафар духтарон ва бонувони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Раҳмон ба кӯдакони ятим дар Суғд пул, ширинӣ ва либос дод

Манбаъ таъкид намуд, ки ба ғолибони фестивал сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд ва беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.