Вазирони узбаку қазоқ соатҳои швейтсарияшонро ба кӯдакони тоҷик доданд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе хабар дода, афзуд, ки иштирокдорони он барои дидани Боғи ангур ба шаҳри Турсунзода рафтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, меҳмононро дар ин сафар Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода хамроҳӣ намуд.

Вазорати фарҳанг роҳи "ҷазо"-и мутахассисони коргурезро меҷӯяд

Манбаъ афзуд, дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро аҳли фарҳанги шаҳр ва ҷавонони санъатдӯст бо роҳбарии раиси шаҳр Вализода Абдуқодири Исуф бо садои карнаю сурнай гулу гулдаста ва нону асал пешвоз гирифтанд.

“Зимни пешвоз барои меҳмонон барномаи ҷолиби ҳунарии кутоҳ бо иҷрои оҳанг ва сурудҳои тоҷикӣ, узбекӣ, озарӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, русӣ, беларусӣ, арманӣ пешниҳод карда шуд, ки аз ин иштирокчиёни Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ хеле хурсанд гардиданд ва ба ҳунару истеъдоди мардуми шаҳр ва меҳмоннавозию самимияти онҳо баҳои баланд доданд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати фарҳанг иттилоъ дод, ки дар Боғи ангур меҳмонон аз зебогии тамъи нотакрори хушаҳои навъҳои гуногуни ангур, ҳосилхезии замини Тоҷикистон ба ҳайрат афтода, ба меҳнатдӯстии деҳқонони тоҷик аҳсан хонданд.

Вазири фарҳанг ба хонаи Алиризо Раҳмонқулови 90-сола рафт

“Мо имрӯз бо чашми худ дидем, ки меҳнати аз таҳти дил иҷро кардаи деҳқон чунин хушаҳои зебо ва бузургро ба бор меоварад” – изҳор дошт муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Наталя Карчевская.

Инчунин барномаи консертии хотирмон аз ҷониби ҷавонони боистеъдод ва ҳунарпешаҳои шинохтаи шаҳри Турсунзода барои меҳмонон ташкил гардида буд.

Вазорати фарҳанг таъкид намудааст, ки рақси ду писарчаи хурдсол меҳмононро чунон мафтун сохт, ки вазири фарҳанги Узбакистон Бахтиёр Сайфуллоев ва муовини вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Нуркиса Дауешов соатҳои дастии швейтсарии худро ба раққосони хурдсол тӯҳфа карданд.