ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Хоҷазода, ҷудокори номии тоҷик, ки дар сабқати ниҳоӣ низ пешсаф буд, дар сонияҳои охири қувваозмоӣ рақобатро бохту соҳиби медали нуқраи Гран Прии Тошканд шуд. Ҳикматуллоҳ Тураев, ки ду соли охир дар Гран Прии Тошканд соҳиби медали тилло мешавад, қаблан паҳлавони дигари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбековро шикаст дода буд.
Хоҷазода, ки баробари медали нуқра инчунин холҳои олимпиро ба даст овард, дар Гран Прии соли равон дар Тошканд то даври ниҳоӣ рақибонаш - Евгений Прокопчук аз Русия, Эрик Ҳемӣ аз Бритониё, Жансей Смагулов аз Қазоқистон ва Томмӣ Масиас аз Шветсияро шикаст дода буд.
Навори сабқати ниҳоии Беҳрӯз Хоҷазода ва Тӯраев низ ба зудӣ дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.
Мусобиқаи Гран При дар шаҳри Тошканд то 22 - юми сентябр давом меёбад ва Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи охир Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, Шарифҷон бо Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбакистон), Саидҷалол бо Томас Брикено (Чили), Шакармамад бо Руслан Шаҳбозов (Русия) ва Темур бо Ричард Сипоз (Маҷористон) аз даври аввал мусобиқаро оғоз менамоянд.
Варзишгарон дар баробари медал, соҳиби холҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.