Аҳмадзода тоҷикистониёнро бо Рӯзи Рӯдакӣ шодбош гуфт

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд Рӯзи Рӯдакиро, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мешавад, барои ҳамватанон шодбош гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Аҳамадзода дар паёмаш зикр намудааст, ки  22 сентябр дар ҷумҳурии мо ҳамчун рӯзи бузургдошти асосгузори шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд ғолибони озмуни "Рӯдакихонӣ" муайян шуданд

“Ба ин муносибат, кулли сокинони вилоят, бахусус аҳли илму адаб, зиёиён ва олимону донишмандонро бо ин рӯзи тантанаи илму маърифат ва хираду дониш таҳният мегӯям”, - изҳор доштааст раиси Суғд.

Ӯ афзудааст, ки Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз бузургмардон ва фарҳехтагони ҷаҳони шеъру адаб ба ҳисоб рафта, бо назми оламгир ва донишу истеъдоди фақулода дар шинохти ҳақиқати рӯзгор моро панди зиндагӣ додааст.

“Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихии миллати куҳанбунёди мо мебошад”, - иқтибос овард раиси Суғд аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон.

"Суҳроб"-и синамои тоҷик-Ҳошим Гадо 82 сола шуд

Раҷаббой Аҳмадзода тавзеҳ додааст, ки мавзуъҳои панду андарз, тарғиби некиву некӯкорӣ, дӯстӣ, хуш гузаронидани умр ва ба муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан ҷавҳари ашъори Рӯдакиро ташкил дода, барои сарҷамъии мардуми олам хидмати мондагорро анҷом додааст.

“Шеъри оламгири Рӯдакӣ барои густариши ҷуғрофиёи забони тоҷикӣ дар ақсои олам мусоидат ва тӯли асрҳо барои поку муназзаҳ ҳифз гардидани ин рукни муҳими давлатдории миллӣ хизмат намудааст”, - таъкид намудааст Аҳмадзода.

Ӯ илова намуд, ки рисолати шеъри Рӯдакӣ инсонгароӣ буда, шоир таъкид мекунад, ки инсон бояд дар ҳама кор ва дар давоми зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад, аз ин рӯ, ин таълимот дар камолоти маънавии халқҳо мавқеи беназирро ишғол намудааст.