Тоҷикистон ба пеш: мунтахаби футболбозони тоҷик имрӯз бо тими Непал рақобат мекунанд

Дастаи мунтахаби наврасони то 16 - солаи Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз дар даври чоруми марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё - 2020 бо мунтахаби непал рақобат мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бозии мунтахаби Тоҷикистону Непал имрӯз соати 22:00 оғоз мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА боз боло шуд

Бар хабари манбаъ, ин бозии саввумини мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур мебошад, ки ду бозии қаблиро бо пирӯзиҳои калон анҷом доданд.

Мунтахаби Тоҷикистон пешсаф аст: тими Кувайтро бо ҳисоби калони 9:0 мағлуб намуд

Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 футболбозони навраси  тоҷик дастаи мунтахаби наврасони   Шри – Ланкаро бо ҳисоби  калони  8:0 шикаст дода буданд.   Дар бозии дуюм  дастаи  мунтахаби  наврасони  Кувайтро   бо ҳисоби  хеле калон-  9:0 мағлуб намуданд.

Ҳоло дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо 6 хол пешсафи ҷадвали гурӯҳи "А" мебошад.

Мунтахаби наврасони тоҷик тими Шри Ланкаро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб намуд

Ёдовар мешавем, ки   дастаи мунтахаби наврасони  то 16- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки 28  август дар шаҳри Нурсултон ба анҷом расид, мақоми дуюм касб намуда, барандаи медалҳои нуқра гардида буд.