ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо сокинони Файзобод иттилоъ дод, ки вақтҳои наздиктарин аз ҷониби ширкати “ТВЕА”-и Чин дар деҳаи Элок сохтмони муассисаи таълимӣ барои 2400 нафар хонанда оғоз мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар давраи истиқлол дар ноҳияи Файзобод 38 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 6200 нафар хонанда сохта, ба истифода супорида шудааст. Котибот афзуд, танҳо соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 6 мактаби нав бо зиёда аз 1000 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Бар асоси иттилоия, феълан дар ноҳияи Файзобод 62 муассисаи таҳсилоти умумӣ, маркази эҷодии кӯдакону наврасон, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал менамояд.
Вартаи бӯҳрони қарз ба Тоҷикистон таҳдид мекунад ё чаро Чин ба Осиёи Марказӣ вом медиҳад?
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 22 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки қариб 11 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳоло шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олии касбии кишвар аз Файзобод беш аз 2600 нафар арзёбӣ шуд, ки 67 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд
Котиботи раисиҷумҳур инчунин зикр кард, ки аз соли 1997 то имрӯз 320 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳияи Файзобод тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд.
Сохтмони мактаб аз сӯи "ТВЕА" дар ҳолест, ки Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон чанде пеш ба мудири ширкати “ТВЕА”, Чжан Син ва се корманди дигари он - Ли Биан Чю, Ван Джан, Чжао Ванг Шен нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон” супорида буд.