Манучеҳр Каримзода дар ноҳияи Файзобод шаҳраки замонавии "Сомониён" месозад - акс

Барои бунёди шаҳраки замонавӣ 30 гектар замин ҷудо шуда, ин ҷо барои 65 оила манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ сохта мешава
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Файзобод, Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди шаҳраки “Сомониён” санги асос гузошт.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Президент бо тарҳи лоиҳаи сохтмони шаҳраки муосир шинос шудааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “МК Иншоот” Манучеҳр Каримзода амалӣ мегардад.

Баҳои баланди Раҳмон ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорони Файзобод

Дар ин ҷо майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, мактаб барои хонандагони лаёқатманд бо 520 ҷой дар ду баст, боғчаи кӯдакона барои 200 нафар, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ, гулгашт, ҳавзҳои шиноварӣ, идораҳои маъмурӣ, маркази ҷамъиятии маҳаллӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ, инчунин дигар иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд.

Аз рӯи иттилои соҳибкорон дар рафти сохтмони шаҳраки нав беш аз 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Манучеҳр Каримзода дар ноҳияи Файзобод шаҳраки замонавии "Сомониён" месозад - акс

Барои бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва дар асоси нақшаи генералии ноҳияи Файзобод бунёд кардани шаҳрак, лоиҳа аз тарафи мутахассисони ботаҷриба ва лоиҳасозони ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудааст.

Дар ҷараёни бунёди иншооти шаҳраки Сомониён соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дастаҷамъона камари ҳиммат мебанданд.

Амалӣ шудани лоиҳаи бунёди шаҳраки Сомониён дар солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин иқдом аст, зеро ин тадбир барои ободонии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Манучеҳр Каримзода дар ноҳияи Файзобод шаҳраки замонавии "Сомониён" месозад - акс

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ оғоз гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди ошноӣ бо тарҳи лоиҳа ва гузоштани санги асос ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи татбиқи ин ҳадаф барору комёбӣ орзу кардааст.