Миллион бинанда : Нурмуҳаммадов бо Дэвид Бекхэм дидор кард

Размикори машҳури русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва легендаи футбол Дэвид Бекхэм дар ҳошияи бозии даври аввали Лигаи қаҳрамонҳо миёни "ПСЖ" ва "Реал" дидор карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи Инстаграмаш акси ҷадид нашр кардааст.

Размикор бо собиқ футболбози номии ҷаҳон Дэвид Бекхэм вохӯрӣ кард. Ду шахсияти номдор дар бозии даври аввали гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо миёни "ПСЖ" ва "Реал" дидор карданд.

Ин аксро беш аз миллион корбари интернет дидааст.

Аз тилло гаронтар : "футболка" - и рақобати Ҳабиб ва Пуареро 100 ҳазор доллар фурӯхтанд

Тақдими ҷомаи зардӯзӣ ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов - видео

Варзишкори русиясӣ борҳо гуфта буд, ки ҳаводори тими "Реал" мебошад. Мутаассифона вохӯрии "Реал" ва "ПСЖ" дар Порис бо ҳисоби калони 3:0 ба фоидаи тими "ПСЖ" анҷом ёфт.

Сипосгузории Дастин Пуаре аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои дарс - акс

Ин аксро UFC Russia нашр карда, дар шарҳи он - "Ду шахсияти бузург" навиштааст.

Нурмуҳаммадов сирри пирӯзӣ бар Пуареро ифшо кард - видео

Ёдрас мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ рӯзи 8 сентябр дар Абу-Дабӣ бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод.