Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкориҳо бо Эрон шудааст

Диловар Қодирзода зимни мулоқот бо сафири Эрон аз робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон таъкид намуда, хостори рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Дар пойтахти кишвар мулоқоти Диловар Қодирзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ Сафири Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Додситонии кулли Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд

Тавре сомонаи расмии МТС хабар додааст, Диловар Қодирзода зимни  мулоқот қайд намудааст, ки рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳо ба манфиати ҳар ду тараф мебошад.

Сафири Эрон ҳамватанонашро ба Тоҷикистон даъват кард

Хусусан Диловар Қодирзода зикр намудаааст, ки инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳиро барои ҳар ду кишвар муҳим буда, аммо мутаассифона, зарфиятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт истифода нашудаанд.

Ҳамзамон вай бар он бовар аст, ки бояд ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо марказҳои тадқиқоти старатегии Эрон ба роҳ монда шавад.

“Барои ин  бояд  дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад, то ки дар асоси он кормандони марказҳои тадқиқотии ҳар ду кишвар   тавонанд дар самтҳои гуногун пажӯҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва китобҳои муштарак дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва  фарҳангӣ ба нашр расонанд” – гуфт Диловар Қодирзода.

Маҷлиси Шӯрои исломӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Эрон даъват кард

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ба рушди робитаҳои дӯстонаи Эрону Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Вай афзуд, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.

Эрон барои интиқоли донишу таҷрибаи саноатӣ ба Тоҷикистон омодааст

Муҳаммадтақӣ Собирӣ барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, бахши иқтисодиёт, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.

Сафир  гуфт кӯшиш мекунам дар наздиктарин муҳлат миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Эрону Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ барқарор гардад, чунки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвар аст.

Коҳиши додугирифти коло миёни Тоҷикистону Эрон: вазиру сафир хостори ислоҳи вазъ шуданд

Зимни мулоқот сафир ҳамчунин изҳор доштааст, ки Эрон бозори хеле бузург ва муносиб барои содироти меваҳои хушк, сангҳои ороишӣ, маснуоти заргарӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар молу амволи Тоҷикистон мебошад.

“Эрон талош мекунад, ки Тоҷикистон ба обҳои озод дастрасӣ пайдо намояд ва аз бунбасти коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ комилан раҳо гардад”, — гуфт ӯ.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, бори дигар ёдрас шуд, ки барои амалӣ гардидани ин ҳадаф Эрон бандари “Чобаҳор”-ро ба Тоҷикистон барои иҷора пешниҳод намудааст, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст.

Инчунин, сафир қайд намудааст, ки айни замон, Эрон ҳозир аст, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хушсифати саноатӣ ва кишоварзӣ содир намояд.