Кумаки мақомоти Хатлон ба хонаводаи сарбози ҳалокшуда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Бо супориши раиси вилояти Хатлон ба хонаводаи Рамазон Исломов, сарбози нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки ахиран дар танишҳои марзӣ кушта шуд, кумаки молӣ расонида шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи дастури Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба хонаводаи сарбози нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Рамазон Исломов, сокини ноҳияи Вахш, ки дар натиҷаи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, воқеъ дар маҳаллаи Баҳори Ҷамоати деҳоти “Овчӣ-Қалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта шуд, кумаки молӣ расонида шуд.

Таниш дар марз: аз чӣ оғоз шуду ба чӣ расид

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.

Инчунин манбаъ хабар додааст, ки масъулони мақомоти вилоят бо роҳбарии муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ва раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов ба манзили волидони сарбози ҳалокшуда рафта, арзи ҳамдардӣ намуданд.

“Марзбон Рамазон Исломов ва ҳамсафонаш ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ, адои қарзи Модар-Ватан, зимни муҳофизат намудани сарҳади давлатии Тоҷикистон қаҳрамонона ҷони худро нисор кард. Ватан шуҷоату далерии фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Танишу тирпарронии хунин дар марз аз нигоҳи шоҳидон

Ҷасади сарбози қаторӣ Рамазон Исломови 21-сола дар зодгоҳаш – ноҳияи Вахш ба хок супорида шуд.

Номаи эътирозии Тоҷикистон ба Қирғизистон барои тирпарронӣ дар марз

Ҳамзамон, роҳбарияти мақомоти вилояти Хатлон тасаллияти худро дар робита ба ҳалокати марзбонони тоҷик Рамазон Исломов, Рустам Убайдуллоев ва Илёсиддин Субҳонов ба аҳли пайвандони онҳо баён намудааст.

Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод. Дар паи тирпарронӣ се смарзбони тоҷик ҷон бохт.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.