ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Варзишкори амрикоӣ Ричард Торрес пас аз рақобат бо муштзани узбакистонӣ Баҳодур Ҷалолов ба бемористон интиқол ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.
Даври чорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, дар вазни беш аз 91 кило, бо пирӯзии намояндаи Узбакистон анҷом ёфт.
Торрес аз дасти размикори узбакистонӣ Баҳодур ба нокаут фиристода шуд ва рингро дар ҳолати вазнин тарк кард.
Марг дар ринг: варзишкори мексикоиро то мурдан куфтанд-видео
Гуфта мешавад, ки варзишкори амрикоӣ тавонист то мошини ёрии таъҷилӣ мустақилона қадам занад ва пасон ба яке аз табобатхонаҳои шаҳри Екатеринбург нтиқол дода шудааст.
Муборизи ММА рақибашро дар 17 сония аз пой афтонд - Видео
Ёдрас мешавем, ки рӯзи чоршанбе дар шаҳри Екатеринбург даври чорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муштзанӣ ҷамъбаст шуд.
Панҷ намояндаи Узбакистон аз даври чорякниҳоӣ гузашта ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтаанд.