Тоҷикдухтари маъюб ҳам рақс ва ҳам баскетбол бозӣ мекунад

Чанде қабл дар вилояти Челябинский Русия мусобиқаи зебоӣ ва ҳунарнамоии духтароне, ки дорои имконияти маҳдуд , аниқтараш маъюбанд, ҷамъбаст гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вар вилояти Челябинск ва инчунин мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи ин вилоят  баргузор шуд.

Рақси тоҷикдухтари маъюб дар озмуни зебоӣ дар Русия - видео

Дар баробари духтарони маъюби рус, ҳамчунин дар озмуни зебоӣ  чанд нафар аз зебосанамҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Украина низ иштирок намуданд.

Бозуи рустамона: роҳгардии тоҷики маъюб рӯи даст мардумро мабҳут кард - Видео

Тоҷикистонро дар озмуни зебоӣ ва ҳунарӣ, Шаҳноза Султонбековаи 26 – сола номояндагӣ кард. Ин зебосанами маъюби тоҷик иштирокчиён ва меҳмонони озмунро бо рақси ҷаззоб ва либоси зебои чакан тасхир намуд.

Шаҳноза мегӯяд, бо ширкат намудан дар озмуни зебоӣ мехоҳад ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки ҳеҷ маҳдудияти ҷисмонӣ наметавонад инсонро пешпо занад.

Се миллион рубл ва тоҷ аз тиллои сафед: "Мисс Русия-2019" муайян шуд

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон буда, феълан дар як ҷамъияти маъюбон  ба ҳайси ҳисобчӣ фаъолият мекунад.

 Шаҳноза ҳатто мактаби хурди омӯзиши рақс барои нафарони маъюбро ташкил додааст, то хоҳишмандоне, ки маҳдудияти ҷисмонӣ доранд, дар мактаби ӯ метавонанд маҳорати худро сайқал диҳанд.

Эълон дар бораи оғози озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам – 2019”

Гузашта аз ин Шаҳноза баскетболбози моҳир ҳам аст. Ӯ мегӯяд ин навъ варзишро барои тамрини ҷисми худ интихоб намудаст.

Озмуни “Рожденная побеждать” рӯзи 15 – уми сентябр ҷамъбаст гардид, ки дар кори он 12 зебосанамҳои маъюб аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Украина ҳусни зебо ва ҳунари волои худро ба намоиш гузоштанд.

Бояд гуфт, ки ин озмун ба хотири рӯҳбаланд кардани духтарони маъюб роҳандозӣ шудааст.

Имсол озмуни зебоӣ барои духтарони маъюб ба сатҳи байналмилалӣ роҳ ёфт ва дар даври ниҳоии озмуни зебоӣ намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.