Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Расонаҳо: баҳси марзӣ ахиран анҷом ёфт, қирғизҳо дидбонгоҳро мекананд, тоҷикон намесозанд

Дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз анҷом ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бар хабари расонаҳои маҳаллӣ субҳи имрӯз музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз наздики се соат давом намуда, дар фарҷом ҳар ду тараф ба мувофиқа расиданд.

Номаи эътирозии Тоҷикистон ба Қирғизистон барои тирпарронӣ дар марз

Ҳамин тариқ, натиҷаи гуфтушунидҳо чунин аст, ки ҷониби Қирғизистон дидбонгоҳи назоратиро хароб мекунад ва ҷониби Тоҷикистонро онро бунёд намекунад.

Инчунин, қарор дода шуд, ки қувваҳои иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ аз соати дуи бегоҳ аз ду тараф бароварда шаванд.

Пешгирии қонуншиканӣ дар марз: Аламшозода ва Тошпулатов протокол имзо карданд

Шаби гузашта ҷаласаи сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон низ баргузор гардид, ки дар он ба ҳайатҳои дахлдори ҳарду кишвар супориш дода шуд, ки дар ин самт якҷоя кор кунанд, то ҳалли масъалаҳои рухдода тезтар анҷом дода шавад.

Зимнан расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки феълан  дар Овчи Калъача зиндагӣ чун пештара идома дорад, ҳарчанд чанде пеш ҳама ҷо баста буд ва кор намекард.

Жээнбеков аз тарафҳо хост аз доман задан ба ҷанҷол дар марз бо Тоҷикистон худдорӣ кунанд

Ёдовар мешавем, ки дар пайи тирпаронии бегоҳии 16 - сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик:  подполковник Рустам Убайдуллоев  ва ду сарбози қаторӣ - Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов  кушта шуданд. 

Садои тир дар марз: якчанд шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ, як сарбози қирғиз кушта шуд

Ҳамчунин бар асари тирпарронӣ як афсари қирғиз низ ба ҳалокат расида, чандин шаҳрвандони ҳар ду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

Вобаста ба ҳодисаи ахир, нахуст ҷониби Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек Суҳроб Олимзода нотаи эътирозӣ супориданд, ки дар он аз амалкарди марзбонони тоҷик бобати нахуст кушодани оташ суйи қирғизҳо изҳори нигаронӣ намудаанд. Зимнан аз мақомоти Тоҷикистон бо ирсоли нотаи эътирозӣ даъват намуданд, ки барои печидатар нашудани вазъияти феълӣ, аз тамоми чораҳо кор бигиранд.

Вазъ дар марз: чаро дар Ботканд 100 нафар аз сокинони наздимарзӣ ҷамъ омаданд

Гузашта аз ин Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дирӯз ба ваколатдори муваққатии Қирғизистон дар Тоҷикистон номаи эътирозӣ супорид.

Мақомоти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҷониби Қирғизистон дар ҳудуди замини мувофиқнашуда ба сохтусози иншоот оғоз кардаанд.

Муноқишаи мазкур низ  бар асари оғози сохтмони ғайриқонунии марзбонони қирғиз дар мавзеи баҳсии байни ду маҳалла – Баҳори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақсади  Ҷумҳурии Қирғизистон ва эътирози мардуми маҳаллаи Баҳор ба вуқӯъ пайвастааст.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.