ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои камабру бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва баъзан 11-16 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Борони кӯтоҳмуддату раъду барқ: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+11 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.