Рақси тоҷикдухтари маъюб дар озмуни зебоӣ дар Русия - видео

Тоҷикистонро дар озмуни зебоӣ барои духтарони маъюб, Шаҳноза Султонбековаи 26-сола намояндагӣ кард. Духтари тоҷик ба доварон рақси зебои "Чакан" пешкаш намуд
Sputnik

Озмуни зебоӣ барои духтарони маъюб, дар шаҳри Челябинск баргузор шуд. Дар озмуни 12 духтар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Украина ва Русия ширкат карданд.

Бозуи рустамона: роҳгардии тоҷики маъюб рӯи даст мардумро мабҳут кард - Видео

Рӯзи 15-уми сентябр даври финалии озмуни умумирусиягӣ барои духтарони маъюб "Рожденная побеждать" (Барои пирӯзӣ ба дунё омада) доир гардид, ки дар он духтарони маъюб аз 5 кишвар ва гӯшаву канори Русия гирд омаданд.

Тоҷикистонро дар озмун Шаҳноза Султонбекова, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намояндагӣ кард. Духтари тоҷик ба доварон рақси зебои "Чакан" пешкаш намуд.

Шуғли дӯстдоштаи Шаҳноза рақс ва баскетбол мебошад.

"Ман танҳо ба хотири обутоби бадан ба варзиш машғул мешавам. Мехоҳам ба ҷаҳониён фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ кунам", - мегӯяд Шаҳноза.

Аз навор рақси зебои Шаҳноза бо пироҳани "Чакан" дида мешавад. 

Бояд гуфт, ки ин озмун ба хотири рӯҳбаланд кардани духтарони маъюб роҳандозӣ шудааст.

Имсол озмун ба сатҳи байналмилалӣ баромад. Дар даври ниҳои озмуни зебоӣ намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.