Қаллобиҳо дар бозори мошин: занҳо мошинро гирифтаанду пулро надодаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муроҷиати шаҳрвандоне хабар дод, ки қурбони фиребкорӣ зимни додугирифти мошин шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур марди 31-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуда, арз доштаст, ки моҳи июни соли 2019 зани 41-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт худсарона мошинеро, ки ӯ иҷора гирифта будааст, фурӯхтааст.

Бозори харбуза дар Душанбе ба ҷои "мошинбозор"

Муроҷиат кунанда тавзеҳ додааст, ки зани 41-сола бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай-Аксент”-ро, ки аз марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба иҷора гирифта буд, худсарона ба маблағи 77000 сомонӣ фурӯхта, 64 ҳазору 450-сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 

Инчунин ба идораи милиса дар ноҳияи Сино зани 38-сола, сокини пойтахт муроҷиат карда, арз доштааст, ки моҳи июни соли 2019 зани 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел”, ки маблағи умумиашон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифтасту маблағашро то ҳол надодааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.