Ҳама ба пахтачинӣ: аз Аҳмадзода то сарояндаҳову нависандагон ба пахтазор баромаданд

Раҷаббой Аҳмадзода дар қатори 250 кормандони идораҳои давлатии Суғд, ба ҳисоби сарояндаҳову нависандаҳо, рӯзи якшанбе ба пахтачинӣ дар заминҳои ноҳияи Зафаробод машғул шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Аҳмадзода ва ҳашарчиён аз ҳисоби идораҳои ҳукумати Суғд, рӯзи 15-уми сентябр, ба ҷамъоварии ҳосили пунбадона ба ноҳияи Зафаробод рафтаанд.

Дар Тоҷикистон маросими ҷамъоварии пахта оғоз шуд

Ситоди махсус дар Хуҷанд барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахта

Бино ба хабари Хадамоти матбуоти раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати 250 нафараи пахтачинон аз ҳисоби ташкилоту идораҳои давлатии вилоят, ки сарояндаҳову баъзе аз рӯзноманигорони нашрияҳои давлатӣ низ шомил будаанд, якшанбеи гузашта дар ноҳияи Зафаробод беш 9 тонна пахта чида ба хирман супоридаанд. Бино ба ҳисобҳо ҷамъоварии 9 тонна пахт ба сари 250 нафар, беш аз 36 килоӣ рос меояд.

“Кормандони бахш, шуъба, раёсату сарраёсат, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони илму адаб ба хоҷагии деҳқонии "Камола"-и ноҳияи Зафаробод омада, барои ҷамъоварии ҳосил ба пахтакорон ёрии худро расониданд. Ҳашарчиён бо роҳбарии Раиси вилоят давоми рӯз зиёда аз 9 тонна "тиллои сафед" чида, ба хирман супориданд”, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти Раиси Суғд.

Раиси Суғд, дар ин рӯз ҳамчунин бо роҳбари хоҷаги “Камола”  суҳбат  доир намуда, барои сафарбарнамоии саҳмдорон, ҷалби ҳашарчиён ва саривақту беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пунба дастур додааст.

Аз нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки рӯзи шанбеи 14-уми сентябр,  Сулаймонзода Акрам Рахим, раиси ноҳияи Спитамен ҳам, рӯзи истироҳатии худро ҳамроҳи кормандони идораву муассисаҳои давлатии ҳудуди ноҳия  ба пахтачинӣ сипарӣ намудааст.  

Аз ҳукумати ноҳияи Спитамен гуфтанд, ки Сулаймонзода, ҳамроҳи 352  корманди  идораву муассисаҳои давлатии  ҳудуди ноҳия ба кӯмаки марди деҳқон ба замини хоҷагиҳои “Куруш” ва “Тағояк” и ноҳия рафтааст.

Мақомоти Суғд барои ҷамъоварии пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дод

Хабар дода шуд, ки дар рӯзи 14-уми сентябр дар ноҳияи Спитамен бо иштироки раиси  ноҳия ва 352 ҳашарчӣ,  зиёда аз 15 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ҳисобҳо маълум мекунанд, ки 15 тонна пахтаи ҷамъкардашуда, баробари 50 кило ба ҳар сари ҳашарчӣ ба шумули Сулаймонзода Акрам Раҳим баробар будааст.

Дар умум, он рӯз аз ноҳияи Спитамен 150 тонна пахта ба хирман супорида шудааст.

Бино ба омори Раёсати кишоварзии Суғд, ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили пахта аз ҳисоби ҳамаи ноҳияҳои вилоят, дар як рӯз 1 ҳазору 285 тон буда,  то имрӯз беш аз 6 ҳазору 12 тонна  пунба ба хирман супорида  шудааст. 

Пунбапарварони Суғд, соли ҷорӣ дар майдони 58 ҳазору 813 га кишти пунбадона гузаронидаанд. Зимнан то 4, 5 сомонӣ коҳиш ёфтани қиммати як кило пунба, пахтакоронро нохушбин кардааст.

Соли гузашта тақрибан аз ҳамин майдон кишти пунба, 115 ҳазор тонна пунба ҷамъоварӣ карда шудааст.