ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, шаҳрванд Ахмедоваи 50-сола муроҷиат карда, аз ҳамлаи шавҳар дар ҳолати мастӣ хабар додааст.
“Зани муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 14-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 16:20-дақиқа, шавҳараш, марди 52-сола, дар ҳолати мастӣ дар хонаи модараш, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба рони пояш задааст”, - омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳафтаи гузашта мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29 - сола, сокини деҳаи Устокорони ноҳияи Шаҳритус хабар дода буд, ки дар суйиқасд ба ҷони ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад.
Ҳукми 11 сол ба сокини Конибодом, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро корд зада кушт
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда рӯзи 9 - уми сентябри соли равон, тахминан соати 17:30 - дақиқа, дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар Қарашувоқи ноҳияи мазкур бо ҳамсари 29 - солаи худ муноқиша карда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани занаш задааст.
ВУД мегӯяд, нисбати ин сокини ноҳияи Шаҳритус парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.