Сурудҳои марғуби аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ба вижа овозхони машҳур Давлатманд Холов ба муносибати солгарди 28 — уми Истиқлоли давлатӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазирону мақомдоронро ба ваҷд оварду ба рақсидан водор кард.
Шоми рӯзи 11 сентябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб дар чорабинии идона ба ифтихори солгарди 28 — уми Истиқлоли давлатӣ ширкат ва суханронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати ҷашни истиқлол ва ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният гуфт.
Баъд аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки устодони санъат ва санъаткорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Мусиқии хуши кӯҳистонӣ хурду бузурги Кӯлоб ва ба вижа кишвардору вазирону мансабдоронро ба ваҷд овард.
Аз навор дида мешавад, чигуна Эмомалӣ Раҳмон ва вазирон таҳти навои марғуб рақс мекунанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба санъат ва мусиқӣ назари хос дорад. Ӯ борҳо зимни таҷлили ҷашнҳои бузурги давлатӣ таҳти мусиқиҳои тоҷикона чарх задааст.
Имсол раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни таҷлили истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳунари санъаткорон баҳои баланд дода рақси духтарчаи чорсоларо махсусан қайд кард.
Ситоиши Раҳмон аз рақси духтарчаи 4-сола: "аз раққосаҳои касбӣ дида беҳтар буд" - видео
Президенти Тоҷикистон ба аҳли фарҳанг, раққосаҳову овозхонон ва бастакорон дастур дод, то таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатӣ, барномаи хуби диданӣ омода кунанд.