Ду пирӯзӣ то қаҳрамонии “Истиқлол”: анҷоми даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон

Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси сеҳафтаина аз сар гирифта шуда, бозиҳои даври 14-ум баргузор гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии давр “Истиқлол” дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Шакармамад Мирмамадов барандаи шоҳҷоизаи Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ шуд

“Ҳисобро дар дақиқаи 33 футболбози дастаи Душанбе Муҳаммадҷон Рахимов кушод. Ҳамдастаҳояш Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 54 ва Комрон Турсунов дар дақиқаи 57 ду голи дигар заданд. Дар қисмати охири дидор мизбонон тавассути Диловаршо Ғаниев дар дақиқаи 72 ва Акбар Бобомуродов дар дақиқаи 77 ду тӯб вориди дарвозаи меҳмонон карданд”, - тавзеҳ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, ки КМВА “Помир” дар майдони худ бар тими “Куктош” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

“Дар ҳайати дастаи артиш Комрони Мирзохон ду гол, Принс Артур як гол заданд. Голҳои дастаи “Куктош”-ро Бахтиёр Қаландаров ва Султоншо Мирзоев ба номашон сабт карданд”, - афзуд Кумита.

Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс

Дастаи “Истаравшан” низ дар бозии хонагӣ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Бозингари тими меҳмон Шарифҷон Қодиров дар дақиқаи 3-юм ҳисобро кушод, пас аз 4 дақиқа Фирӯз Қараев ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 21-ум Диловар Бойқузиев дастаи “Истаравшан”-ро ба пеш баровард, вале Хуршед Абдуллоев дар дақиқаи 52 ҳисобро боз ҳам баробар намуд. Пас аз 10 дақиқа Фирӯз Қараев голи дуюми худ ва сеюми дастаи Истаравшанро зада, ғалабаи тимашро таъмин намуд.

Кумитаи миллии олимпӣ илова намуд, ки дар бозии охирини давр “Хатлон” ба дарвозаи “Хуҷанд” тавассути Эҳсон Бобоев ва Аҳтам Ҳамроқулов 2 голи беҷавоб зад.

Усмонов рақибони турку украиниро шикаст доду бо чемпиони фаронсавӣ сабқат мекунад

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду марҳила дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” бо 38 хол пешсаф аст. “Хуҷанд” бо фарқияти 18 хол дар ҷои дуюм мавқеъ дорад. Барои он ки “Истиқлол” бори ҳаштум унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор шавад, дар ҳафт даври минбаъдаи мавсими 2019 танҳо ду пирӯзӣ зарур аст.
Бозиҳои даври 15-ум 18 сентябр доир мегарданд. “Истиқлол” бо “Хатлон”, “Истаравшан” бо КМВА “Помир”, “Куктош” бо “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” бо “Панҷшер” вомехӯранд.