Гуфтушунид бо Толибон дар Маскав: Кобулов гуфт, онҳо омодаи музокирот бо ИМА мебошанд

Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, зимни гуфтушунид дар Маскав намояндагони Толибон омодагияшонро барои музокирот бо ИМА баён доштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Намояндагони созмони мамнӯи "Толибон" омодагияшонро барои гуфтушунид бо ИМА баён доштаанд, аммо санаи мулоқоти нави ҷонибҳо муайян нест, хабар додааст РИА Новости бо такя ба Замир Кобулов. 

Вазъ ором аст: мақомоти афғон манотиқи забт намудаи Толибонро бозпас гирифтанд

Фиристодаи махсуси раисиҷумҳури Русия ин нуктаро дар пайи гуфтушунид бо Толибон дар Маскав, ки 13 сентябр баргузор шуд, изҳор дошт.

"Онҳо омодагияшонро барои гуфтушунид бо амрикоиҳо баён доштанд", - гуфт Кобулов. Ӯ дар мавриди он, ки оё созиш барои мулоқоти ҷадиди Толибону амрикоиҳо ҳосил шудааст, изҳори бехабарӣ кард. 

Замир Кобулов, ки инчунин роҳбарии Департаменти дуюми Вазорати умури хориҷии Русияро ба уҳда дорад, иттилоъ дод, ки ҳайати ҳаракати мамнӯи "Толибон"-ро дар Маскав, Муҳаммад Аббос Станикзай роҳбарӣ кард.

Инфиҷори навбатӣ дар Кобул ҷони 8 нафарро рабуда 30 тани дигарро маҷрӯҳ кард

Аббос Станикзай мақоми роҳбари намояндагии дипломатии "Толибон" дар Доҳаро ба уҳда дорад. Роҳбари намояндагии "Толибон" дар Доҳа, Мулло Абдулғанӣ Бародар ин дафъа ба гуфтушунид ба Маскав наомадааст.