ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ширкати “Помирэнержӣ” барои таъмини сокинони маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Бердибаев бо неруи барқ тасмим гирифтааст, бо иқтидори 200 киловатт – соат неругоҳи барқи офтобӣ созад.
“Барои ин қитъаи замин ҷудо гардида, қарор аст то моҳи ноябр ширкати “П”мирэнержӣ" дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҷҳизоти заруриро дастрас ва насб намояд”, - навиштааст нашрияи “Ҷумҳурият”.
Манбаъ аз қавли Далер Ҷумъаев, мудири ширкати “Помирэнержӣ” илова намудааст, ки дар назар аст, ноҳияи Мурғоб ба шабакаи ягонаи барқии вилоят пайваст карда шавад.
Ба гуфтаи Ҷумъаев, захираи ками оби дарё ва рӯдхонаҳои ноҳияи Мурғоб имкон намедиҳад, ки неругоҳи обии барқӣ бунёд созанд. Ӯ афзудааст, ки масрафи барқи офтобӣ ҳам кам нест.
Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб
“Аз ноҳияи Шуғнон овардани хати барқ ба мақсад мувофиқ аст. Бо иваз кардани хати барқи баландшиддат аз Неругоҳи барқии обии “Помир - 1” то деҳаи Ҷелондеҳ ва насби истгоҳи нави барқии баландшиддат Мурғоб ҳам ба шабакаи ягонаи барқи вилоят пайваст мегардад”, ‑ овардааст нашрия аз қавли маъмрияти “Помирэнержӣ”.