Эмомалӣ Раҳмон созишнома бо Бунёди Оқохонро ба парлумон фиристод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат созишнома бо Бунёди Оқохонро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони кишвар ирсол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат аз 30 августи соли равон созишномаи имзошуда миёни  Вазорати нақлиёти кишвар ва Бунёди Оқохонро барои тасвиб ба парлумон фиристод.

Салавот бар Муҳаммад ва оли ӯ: истиқболи исмоилиён ва суханронии Оқохони IV -видеоҳо

Бар асоси созишномаи мазкур, пули нав бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он дар қисмати Кокул миёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ноҳияи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон бунёд мегардад.  Ин пули 180-метрӣ ва беш аз 18 километр роҳҳои пайвастшаванда ба он аз ҷониби Бунёди Оқохон бо дастгирии шарикони рушд дар доираи барномаи ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон амалӣ мегардад.

Вазири тоҷик мансаби нави Қоимдодовро пурмасъул хонду шодбош гуфт

То ҳол Бунёди Оқохон чандин пул миёни Тоҷикистону Афғонистон болои дарёи Панҷро бунёд намуд, ки бештари онҳо дар ВМКБ мебошанд.

Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ахиран рафтуомади қонунии шаҳрвандони ду кишвар ва ҳамсоядории хубро роҳи пешгирӣ аз таъсирҳои бад гуфт.  Ӯ изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат имрӯз кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст, ки сарҳад байни Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Афғонистон ором бошаду таъсирҳои бад, аз қабили гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, маводи мухаддир,  яроқ ва идеологияи зишт ба Тоҷикистон нагузарад.

Раиси ВМКБ, роҳи ҷилавгирӣ аз ин таъсирҳои бадро рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон хонд.

Навори дидори таърихии Оқохон бо муридонаш дар Тоҷикистон - Видео

“Бозорҳои наздисарҳадӣ ва пулҳо бояд фаъол бошанд. Рафту омади қонунии шаҳрвандон бояд таъмин карда шавад ва маскунони ҳарду соҳил бояд бо ҳам муомилаи нек ва ҳамсоягии хуб дошта бошанд”, - зарур хонд Файзов.