Полковники тоҷик аз зуҳури "ДОИШ" дар Афғонистон баъди шикаст дар Сурия гуфт

Ҷаҳонгир Назарализод, полковники тоҷик дар пасманзари таҷаммӯи ҷангиёни "ДОИШ" дар Афғонистон размоиши муштаракаи "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Теъдоди ҷонибдорони созмони террористии мамнуъ, "ДОИШ" дар Афғонистон ба ҳадди буҳронӣ расидааст, изҳор дошт полковники тоҷик Ҷаҳонгир Назарализод зимни маросими ифтитоҳи тамринҳои "Марказ - 2019".

Таъмини амнияти минтақаро низомиёни Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда мегиранд

"Баъди амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Сурия ДОИШ шикаст хӯрд ва саркардаҳои он нерӯҳошонро ба Афғонистон равона карданд. Аз ҳисоби таблиғот ҳамарӯза теъдоди ҷонибдорони ДОИШ афзоиш ёфта, ба ҳадди буҳронӣ наздик омадааст", -таъкид кард полковник Назарализод, сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки вазъ дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон мояи нигаронӣ мебошад ва бояд тадобири амниятӣ таҳким бахшида шаванд.

Полковники тоҷик зикр намуд, ки ягон кишвари ҷаҳон аз хатари терроризм дар амон нест ва таҷриба нишон медиҳад, ки бо ин зуҳуроти бад танҳо якҷоя бояд мубориза бурд. Ӯ дар пасманзари афзоиши хатарҳо, гузарондани размоиши муштараки "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим арзёбӣ намуд. 

Генерал-полковник Новиков: “ДОИШ” дар Осиёи Марказӣ хилофат сохтанист

Размоиши стратегии "Марказ - 2019" аз 16 то 21-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин машқҳо низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Узбакистон дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор нафар иштирок мекунанд. Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.