Аробакаши шуҷоъ аз ноҳияи Вахш кӯдаки 3 соларо аз марг наҷот дод

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шуҷоаткории як аробакаш дар ноҳияи Вахш хабар медиҳад, ки дар наҷоти кӯдаки хурдсол саҳм гузоштаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Ғайратов Таваралӣ Шералиевич дар рӯзи иди Истиқлолияти Тоҷикистон як кӯдаки се соларо аз ғарқшавӣ наҷот додаст.

Абдуллои 10-сола ҳамсинфашро наҷот доду худ ғарқ шуд

Бар хабари манбаъ, Ғайратов сокини ноҳияи Вахш, ки рӯзи 9 - уми сентябр, бо аробааш ба  кашонидани ангишти мардуми маҳаллӣ машғул буд, аз ғарқшудани кӯдаки хурдсол ҷилавгирӣ намуд.

Гуфта мешавад, ин аробакаши шуҷоъ кӯдаки хурдсол Тағоев Абдураҳмон, соли таваллудаш 2017, ки дар рӯди Вахш ғарқ шуда истода буд, наҷот дод.

Қаҳрамон: марди тоҷик зани русро аз ғарқ шудан наҷот дод

ВУД мегӯяд, барои шуҷоату далерӣ нишон додан Ғайратов  бо медали Вазорати корҳои дохилӣ "Барои далерӣ" ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуд.