ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар ҷараёни мулоқот нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири навтаъйинро шодбош гуфта, амалисозии пайвастаи татбиқи ташаббусҳои созандаи сарони давлатҳоро вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ кард.
Ӯ густариши робитаҳои мутақобилан судманди байнипарлумониро барои таҳким ва рушди фазои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа зарур хонда, ба тақвияту тавсеаи фаъолияти гуруҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ таъкид кардааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар марҳилаи кунунӣ таҷдиди назар ва татбиқи воқеии созишномаҳову қарордодҳои баимзорасида, густариши бемайлони робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро муҳим хонда, ҷалби сармояи эронӣ дар саноатикунонии кишварро, ҳамчун тақозои замон махсусан зикр кардаст.
Дар навбати худ Муҳаммадтақии Собирӣ бо арзи қаноатмандӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти самимӣ, паёми шодбошӣ ва даъвати раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаноби А. Лоринҷониро ба Убайдуллоев расондааст.
Лоринҷонӣ аз раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар вақти барояш мувофиқ анҷом бо сафари расмӣ ба Теҳрон ташриф биёрад.
Собирӣ таъкид намудааст, ки дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои мавҷуда дар татбиқи масъалаҳои матраҳгардида ва тавсеаи муносибатҳои кишварҳои дӯст талош хоҳад кард.