Бӯсаи Раҳмон аз мусаввараи бародар ва иштироки хонаводаи ӯ дар консерт

Sputnik

Дирӯз 12 сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.

Муроҷиати Раҳмон ба фарзандони Данғара барои таъмини ҳамдиёрон бо ҷои кор

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Қасри Фарҳанг гуфт, ҳоло мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Данғара гардидем. Қасри фарҳанг бо тарҳи бисёр зебо ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморӣ бунёд шудааст.

Сохтмони қаср соли 2007 оғоз гардида, бо истифода аз санъати аҷдодии гаҷкорӣ ва ойинабандӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расонида шудааст.

Сипоси Раҳмон ба Қиёмиддин Чориқулов барои корҳои хайру савоб

Дар яке аз толорҳои қаср осорхонаи Президенти Тоҷикистон низ ташкил карда шудааст.

Сипас раисҷумҳур дар бораи дастовардҳои ноҳияи Данғара сухан карду гуфт ҳоло корҳои сохтмон дар ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда муташаккилона ва бо азму талоши ватандӯстонаи мардум идома доранд ва умед аст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлол ҳамаи ниятҳои созандаи сокинони ноҳия пурра амалӣ мегарданд.

Дар ҳамин ҷо барои иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд.

Ҷонибдории оилаи Гуловҳо аз сиёсати Раҳмон: бунёди 4 иншооти Данғараро ба уҳда гирифтанд

Аммо қабл аз оғози консерт бар асоси гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳур, сокинони Данғара ба Эмомалӣ Раҳмон, расми раисиҷумҳур бо бародарашро туҳфа кардаанд.

Инчунин дар гузориши аксии дафтари матбуоти раисҷумҳур дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон,бо эҳсос мусаввараи бародарашро бӯса мекунад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи июни соли равон вақте дар ноҳияи Сангвор ба Эмомалӣ Раҳмон расми модарашро туҳфа карданд, ӯ ашк рехту гуфт, аз он афсӯс мехӯрад, бо вуҷуди онки тамоми шароитро дошт, дар зиндагиашон хидмати падару модарро дуруст ба ҷо оварда натавонист.   

1 / 9
Тӯҳфаи навбатӣ ба Президенти кишвар
2 / 9
Ба Эмомалӣ Раҳмон мусаввараи бародарашро тақдим карданд
3 / 9
Лаҳзаи эҳсосӣ: Эмомалӣ Раҳмон аз мусаввараи бародараш бӯса мекунад
4 / 9
Бӯсаи Эмомалӣ Раҳмон аз мусаввараи бародараш
5 / 9
Барномаи рангини консертӣ дар Қасри нави фарҳанг дар Данғара
6 / 9
Иштироки хонаводаи Президент дар консерт дар Данғара
7 / 9
Иштироки ҳамсар ва духтарони Эмомалӣ Раҳмон дар консерт
8 / 9
Иштироки хонаводаи раисҷумҳур дар барномаи рангини консертӣ
9 / 9
Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд