Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав таърихи 130-сола дорад

Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ки бунёди он ба асри XIX рост меояд, дар тангкӯчаи Гранатнийи маркази шаҳри Маскав,  ҷойгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав дар як маҳали бисёр муҳим ва таърихӣ – тангкӯчаи Гранатний ҷойгир шудааст. Дар наздикии он осорхонаи Чехов, хонаи Планетарий, боғи вуҳуш ва дигар биноҳои муҳиму машҳур ва дастовардҳо ҷойгир шудаанд.

Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав худ таърихи дуру дароз ва дорои фарҳанги меъмории махсус аст.

Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав дари худро ба рӯи намояндагони Sputnik Тоҷикистон боз намуда аз таърихи сохтумон ва истифодаи ин бино ёдовар шуданд.

Бинои сафоратхонаи тоҷикон дар Маскав

Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав таърихи 130-сола дорад

Таърихи хонаи №13 дар тангкӯчаи Гранатний дар шаҳри Маскав аз соли 1899 оғоз меёбад. Қаср бо дархости соҳибкор Яков Андреевич Рекк (1867-1913) аз санг бунёд шудааст.

Рекк асосгузори Ҷамъияти саҳомии тиҷорӣ-сохтмонии Москва – яке аз ширкатҳои калонтарине, ки дар ҳудуди Русия ба бунёди қасрҳои гуногун машғул буд, ба шумор меравад.

 Аз ду кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ боқӣ мондааст?

Мақсади асосии Рекк ва тиҷорати ӯ зеботар гардонидани симои шаҳр ба воситаи хонаҳои зебою қасрҳои боҳашамат будааст.

Барои бунёди биное, ки имрӯз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҷой дода шудааст, ӯ меъморҳои машҳурро ҷалб карда будааст. Масалан, роҳбари ҳайати меъморон Лев Кекушев, ки дар бунёди меҳмонхонаи “Метропол” низ даст доштааст, интихоб шуда будааст.

Аҷобаташ дар он аст, ки номи муаллифи нақшаи ин қаср, ки воқеан ҳам барои охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX хело зебо ва моҳирона дониста мешавад аниқ маълум нест. Кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон, ки ҳоло дар ин бино фаъолият доранд, тахмин мекунанд, ки муаллифи нақшаи ин бино Сергей Владимирович Шервуд мебошад.

Чаро қаҳрамонҳои миллати тоҷик дар оромгоҳи Донски шаҳри Маскав дафн шудаанд – навор

“Аммо ҳуҷҷатҳои бойгонии ин бино пайдо нашудаанд, то исбот кунанд, ки кӣ аст муаллифи нақшаи он. Нақшаҳои бино ва лоиҳаи боми он дар зерашон имзои шахсӣ надоранд. Барои ҳамин савол дар бораи муаллифи нақшаи сохтумони ин бино ба омӯзиш ниёз дорад”, - қайд кардаанд дар сафоратхона.

Дар ин ҳол Шервуд дар соли 1899 пеш аз анҷоми сохтумони бино аз олам даргузашт. Дигар маълум нест, ки нақшаро то охир кӣ ба анҷом расонидаааст.

Новобаста аз ҳама аён аст, ки меъмор бо як самимияти беандоза нақшаи биноро офаридааст ва бо он ҳама хусусиятҳои шарқиёнааш бинанда фикр мекунад, ки бино маҳз барои тоҷикон бунёд шудааст.

То сафоратхонаи Тоҷикистон бино ба кӣ таалуқ дошт

Яков Рекк ин қасрро ба занаш Вилгемина Ивановна туҳфа карда будааст. Аммо баъди чанде бино ба тоҷир Николай Алексеевич Протопопов фурухта шуда будааст. Николай Алексеевич на танҳо тоҷири мувафақ буд, балки ҷамъияти Салиби сурхи Русияро роҳбарӣ мекард ва яке аз асосгузорони Донишгоҳи ба номи Г.В. Плеханов мебошад.

Охирин макони инқилобчиён: қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар кадом оромгоҳи Маскав мехобанд

Баъди инқилоби октябр ин бино давлатӣ карда мешавад. Дар ин бино бошад, Шӯрои ҳарбии олии комиссариати халқӣ оид ба корҳои хориҷа ва баъдан Раёсати шӯрои гуруҳҳои умумирусиягии штаби асосӣ ҷой дода мешаванд.

Дар соли 1920 ин бино ба ҳайси хобгоҳи Интернатсионалони сурхи иттифоқи касаба, ки инқилобчиёни 42 кишварро дар бар мегирифт, ба истифода дода мешавад.

Ҳамин тариқ баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин бино сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой карда мешавад ва то имрӯз дар он ҷо намояндагии дипломатии тоҷикон кору фаъолият карда истодааст.