ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии ВАО, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаъоли Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон барои ҷилавгири аз ифротгароии хушунатомез ва тундгароӣ 4 миллион евро изофапулӣ ҷудо намудааст, иттилоъ додааст намояндагии Ииттиҳодияи Аврупо дар Душанбе.
Иттиҳоди Аврупо барои сохтмони НБО-и "Себзор" 20 миллион евро ҷудо мекунад
Дар доираи барнома барои рӯзноманигорон тренингҳои махсус барои такмили ихтисос ташкил карда мешавад.
Маблағҳои мазкур барои санҷиши хабарҳо ва хабарҳои фейк, инчунин барои мубориза бо хабарҳои бардуруғ равона хоҳанд шуд .
Тоҷикистон хостори густариши равобити иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо мебошад
Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон яке аз 130 намояндагии Иттиҳодия аст, ки дар тамоми ҷаҳон фаъолият мекунад. Намояндагии Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе соли 2003 таъсис ёфтааст.