ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти корхонаи коркарди шир ҳусни оғоз бахшид.
Тавре манбаъ қайд намудааст, дар корхонаи “Шири Данғара” 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид намудааст, ки корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст.
Масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки дар оянда аз тарафи соҳибкор фермаи чорвои калони шохдор низ бунёд карда мешавад. Бо ин мақсад 100 сар говҳои зотӣ ворид карда хоҳанд шуд.
Ҳамзамон бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсоли яхмос, коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб ба нақша гирифта шудааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи идораи замини ноҳияро ифтитоҳ кард.
Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 24 утоқи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, утоқи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, идораи бойгонӣ, ошхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон кормандони сохторҳои таркибии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Тоҷикистонро вазифадор кард, ки масъулияти бардӯшдоштаи худро хуб анҷом диҳанду ба мардум дар сатҳи баланд хизмат расонанд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Маркази хизматрасонии “Умед”-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард.
Манбаъ таъкид доштааст, ки маркази хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Қунғуротзода дар зарфи як сол сохта шудааст.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.
Президенти дар иншооти мазкур ба беш аз 70 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ туҳфаҳои идона тақдим намуд.
“Ятимон шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд”, - зикр намудааст манбаъ.