Яхмоси русиягӣ дар Тоҷикистон низ маҳбуб аст мисле, ки дар Чин

Ҳоло дар Тоҷикистон фурӯшгоҳеро наметавон пайдо кард, ки дар он маводи ғизоии тавлиди Русия набошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Чанд соли ахир дар фурӯшгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон, аз ҷумла “Пайкар”, “Ёвар”, “Ашан” ва ғайраҳо, ки солҳои ахир дар Душанбешаҳр арзи вуҷуд кардаанд, беш аз даҳ навъи яхмоси русӣ ба фурӯш меравад, ки ҳаводорони зиёде дорад.

Made in Russia: тоҷикистониҳо бештар дар мағозаҳо маҳсулоти русӣ меҷӯянд

Коршинос роҳҳои беҳтар ворид намудани маҳсулоти Тоҷикистонро ба бозорҳои Русия тавзеҳ дод

Натанҳо яхмоси истеҳсоли Русия, балки анвоъи мухталифи маводи ғизоӣ, аз ҷумла моҳӣ, тухми моҳӣ (икра), панир, адвияҷот, маҳсулоти бақоливу қаннодӣ, лабаниётӣ (маҳсулоти ширӣ) дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон ҷойгузини маҳсулоти истеҳсолии Чину Туркия шудааст.

Маҳсулоти русӣ – яъне муфид

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, имкон надорад талаботи мардумро дар бозор бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ қонеъ намояд. Ба ҳамин хотир Тоҷикистон бештари маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои хориҷа воридот мекунад. Ба гуфтаи коршиносон Тоҷикистон содироти маҳсулоти ғизоии тавлиди Русияро ба хотири он зиёд намудааст, ки воридоти маводи пастсифат аз Чинро кам кунад. Ба андешаи соҳибназарон, сабаби афзоиши бархе аз бемориҳо монанди қанд, сактаи қалбӣ, сил ва ғайра истифодаи маҳсулоти истеҳсолии Чин аст.

Ҳоло тухми мурғ, гӯшт, маҳсулоти бақоливу қаннодӣ, биринҷу маҳсулоти полезии Чин дар Тоҷикистон харидори зиёд надорад. Маҳсулоти полезии Чин, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, ба ҳамин сарнавишт рӯбарӯст.

Мазаашро чашидӣ ба хона ҳам биёр

Далели дигари маҳбубияти маводи ғизоии Русия дар Тоҷикистон дар он аст, ки бахши зиёди сокинони Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳои аврупоӣ кор мекунанд ва ба сифати ин маҳсулот ошно ҳастанд.

Бушмин: Русия омода аст бар ивази техника аз Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ харад

 Барои мисол, чанд соли пеш тухми моҳӣ мисли консервҳои гуногуни моҳӣ, моҳии шӯр дар Тоҷикистон ноёфт буд. Ҳоло дар фурӯшгоҳҳои “Пайкар”, “Ёвар”, “Ашан” ва ғайра тухми моҳии сиёҳу сурх, анвоъи мухталифи моҳӣ, ҳатто моҳии сурх дастраси мардум аст.

Сатторов: монеаҳо барои ворид кардани маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия бояд бартараф шаванд

Ёд дорам чанд сол қабл муҳоҷирони корӣ аз Русия қанду шоколад савғо меоварданд. Ҳоло анвоъи гуногуни шоколадҳои корхонаи “Бабаева”, “Красная октябр” ва дигар корхонаҳои маъруфи Русия дастархони мардуми тоҷикро ғанӣ мегардонанд. Сокинони Тоҷикистон агар ба муносибати маросиме суфра биороянд, ба суроғи қанду қурс, паниру ҳасиб, моҳӣ ва нӯшобаҳои истеҳсоли Русия мераванд.

Содироту воридот бо рақам

Ҳоло дар Русия меваҳои тару хушки Тоҷикистон мақбулу писанди мардуми рус шудааст. Тоҷикистон дар ин авохир ҳудуди 400 миллион доллар ба Русия содирот дорад. Аз Русия дар ҳудуди 900 миллион доллар анвои мухталифи маводи ғизоӣ ворид мекунад.

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисодии Русия Тоҷикистон бозори ояндадорест, ки метавон воридоту содирот ба ин кишварро афзоиш дод.

Ёқубӣ: соли равон аз Суғд ба Русия беш аз 5 ҳазор тон мева содирот шудааст

Тоҷикистон аз Русия на фақат маводи ғизоӣ, балки анвоъи мухталифи коло, аз ҷумла маводи сохтмонӣ, таҷҳизот, маводи сӯхт, колоҳои саноатӣ низ ворид мекунад. Воридоту содирот миёни кишварҳо судманд аст, боиси пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ мешавад.

Намояндаи палатаи савдои Русия: Тоҷикистон ба молу маҳсулоти гуногуни Русия ниёз дорад

Ба гуфтаи Максим Орешкин, вазири рушди иқтисодии Русия Тоҷикистон бозори ояндадорест, ки метавон воридоту содирот ба ин кишварро афзоиш дод.

Бино бар иттилои Маркази содироти Русия, ҳоло Тоҷикистон дар тиҷорат бо Русия дар миёни кишварҳо дар ҷои 59 қарор дорад.

Аммо паҳлуи дигари воридоту содирот, масрафи роҳ, пардохти ҳазинаҳои гумрукӣ, нақлиёт ва ғайраро ба дунбол дорад, ки қимати колоро боло мебарад. Ба ин далел на ҳама метавонад ба маводи хушсифати ғизоии Русия дастрасӣ дошта бошад. Модом ки мақомоти Русия Тоҷикистонро бозори ояндадор меҳисобанд, пас бояд дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлидии муштарак ташкил шавад. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ворид кардани фанновариҳои (техналогияи) муосири Русия барои тавлиди маҳсулот талош ва таваҷҷуҳ кунанд. Дар он сурат як баста яхмоси русӣ на 7-10 сомонӣ, балки бо қимати 3-5 сомонӣ барои мардуми Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд.

Матлаб дар заминаи шарикии тиҷорӣ таҳия шудааст