Тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон ба 5 миллиард сомонӣ наздик расид

Тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон тайи 7 моҳи соли равон 10,5 дарсад афзоиш ёфта, ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расонда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуд.

Саноати истихроҷ дар Тоҷикистон 11 дарсад афзоиш ёфт

Манбаъ афзуд, ки дар ин ҷо корхонаҳои саноатии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷудбуда маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба маъраз гузоштанд.

“Танҳо дар 7 моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 41 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси наздики 600 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиш дар сатҳи 110,5 % таъмин гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур хабар додааст, ки таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот боиси ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти саноатӣ гардид.

Ду корхонаи шаҳри Бохтар ба далели набудани ашёи хом аз фаъолият боз монданд

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегӣ, ки саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад, масъулинро барои таъмини рушди аз инҳам бештари соҳаи саноат вазифадор намудаст.