Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс

Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ҳамроҳи писараш Ашрафҷон Гулов, мақомдори Вазорати умури хориҷии кишвар дар ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Данғара иштирок карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Майдончаҳои варзишӣ 12 сентябр дар маркази ноҳияи Данғара аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

Бар асоси гузориши аксии котиботи раисиҷумҳур, дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноат ҳамроҳи писараш Ашрафҷон Гулов, собиқ консули генералии Тоҷикистон дар Русия ва сардори феълии Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати умури хориҷӣ иштирок кардаанд.

Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати кишвар бо сифати баланд бунёд шудаанд.

Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс

Котибот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд дод.

“Ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди наздики 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо сохта ба сокинони ноҳия тақдим намоянд”, - омадааст дар иттилоия.

Даст ба даст бо Шералӣ Гул ва Ашрафҷон: гузориши аксӣ аз иншооти бунёдкардаи Гуловҳо- акс

Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо, аз қабили велосипед, тубҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуд.