То он даме, ки бинои кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав ба рӯйхати биноҳое, ки бояд хезонида мешуданд, афтод ва дар Страгино бунёд шуд симои зоҳирияш тамоман дигар буд. Бинои он дар Марина Роша симои дигартар дошт.
Бинои навро танҳо навиштаҳои бо ҳуруфҳои арабӣ нигошта шуда каме ба шарқиёна будан наздик мекарданд.
Ҳамин тавр таърихи бинои кинотеатри “Тоҷикистон” аз Марина Роша оғоз мегардад.
Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Марина Роша
Кинотеатри якуми “Тоҷикистон” дар шаҳри Маскав дар маҳали Марина Роша, кӯчаи Шереметевская хонаи 8 ҷойгир шуда буд.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурии аъзои ин иттиҳод ва инчунин кишварҳои блоки сотсиологӣ дар Маскав кинотеатри худро дошт. Кинотеатрҳо ба номҳои ҷумҳуриҳо ва ё пойтахтҳои онҳо номгузорӣ шуда буданд. Тоҷикистон аз ин анъана қафо намонда буд.
Бинои кинотеатр дар солҳои 70-уми асри ХХ бунёд шуда буд. Сохтумони он бо услуби меъмории солҳои охири даврони Шӯравӣ ва элементҳои шарқиёна сурат гирифта буд. Ин кинотеатр муҳлати дароз хидмат накард. Ба бино номи нав гузоштанд.
Таърихи он чунин аст – дар аввали солҳои 80-уми асри ХХ актиёри бо маҳорат, артисти халқии ИҶШС Аркадий Райкин бо тамоми ҳайаташ, ки онро роҳбарӣ мекард аз Лининград (ҳоло Санкт-Петербург) ба Маскав куч баст.
Ин гуруҳ то ин дам дар хиёбони Неваи шаҳри Ленинград зиёда аз 40 сол фаъолият карда буд. Аммо дар охири солҳои 70-ум миёни Аркадий Райкин ва роҳбариятӣ ҳизбии Ленинград нофаҳмоиҳо сар зада буданд. Ӯ ва дигар ҳунармандони ҳайаташро иҷозаи баромад кардан дар Телевизионҳо намедоданд.
Фарзанди ҳунарпешаи Машҳур, Константин Райкин, ки нав аз “Современник”-и Маскав ба Ленинград омада будааст ба падараш аз имкониятҳои беҳтаре дар пойтахт нақл мекунад. Синни Аркадий алакай аз 70 гузашта буд, аммо вай тасмим гирифт, ки ҳамроҳ бо ҳайаташ аз Ленинград ба Маскав куч баста дар онҷо зиндагияшро оғоз кунад.
Худи ҳунарпеша дар соли 1987 дар ин саҳнаи нави ҳунар баромад карда буд. Баъдан театри миниатюрӣ ба “Сатирикон” номгардон шуда буд ва роҳбари ӯ писари ҳунарпешаи нотакрор – Костантин Райкин интихоб шуд.
Таърихи собиқ кинотеатр асосан, таъмирҳою навсозиҳои зиёдро дар бар мегирад ва то ҳол таъмиркориҳо дар он ба анҷом нарасидаанд. То соли 2005 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ таъмир мешуд, баъдан дар асоси сармоягузориҳо. Корҳои таъмирӣ аз ҳисоби ба таъхиргузориҳо ба як марҳила табдил ёфтаанд.
Дар ҳоли ҳозир “Сатирикон” – ҳамчун театри “бе толор” машҳур аст. Бисёр намоишҳояшро дар толори ҳамсоя – толори консертии “Планета КВН” баргузор мекунад.
Мувофиқи маълумотҳои сомонаи шаҳрдори Маскав, навсозиҳои бинои ин театр дар охири соли 2019 ба анҷом мерасанд.
Кинотеатри нави “Тоҷикистон” дар канори шаҳр ҷой гирифт
Қарор дар бораи супурдани кинотеатри “Тоҷикистон” ба Аркади Райкин дар ёдбуди 60-солагии ИҶШС дар соли 1982 қабул карда шуда буд. Он вақт аз харитаи Маскав биное, ки баранди номи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд нест шуд. Дар ин ҳол ба кинотеатре дар гушае аз Маскав – Страгино Тоҷикистон ном ниҳоданд.
Кинотеатр дар кӯчаи маршал Катуков, хонаи 8, дар соли 1982 бунёд шуд Чунин кинотеатрҳо ба монанди Бойканур, Будапешт, дар ноҳияҳои гуногуни Маскав пайдо шудан гирифтанд. Ин бино дар шакли ҳарфи П бо деворҳои мармарин ва дихилаш шишапӯш бунёд шуда буд.
Дар аввал бояд ин кинотеатр “Страгино” ном мегирифт, аммо дар фарҷоми ба истифодадиҳӣ “Тоҷикистон” номгузорӣ шуд.
Сокинони ин маҳал ба зуди кинотеатри навро дӯст доштанд. Киногтеатри “Тоҷикистон” ба маҳали вохӯрӣ ва фароғатии пиру ҷавон табдил ёфта буд.
Новобаста аз он, ки кинотеатри нави Тоҷикистон на он қадар хусусиятҳои шарқиёна дошт, табъи меҳмомнони аз ҷумҳурӣ ба Маскав омадаро болида мегардонид.
Мутаассифона аз соли 1990 инҷониб, кинотеатри Тоҷикистон барҳам дода шуда, дар ҷойи он ширкати тиҷории хурде маскун гирифтанд. Деворҳои шишапӯши он ҷои рекламагузории тоҷирон гардид. Навиштаҷоти “Тоҷикистон” дар даромадгоҳи ин бино дар шомгоҳон аз чароғон шудан боз монд.
Дар ҷойи кинотеатри "Тоҷикистон" маркази фарҳангию фароғатии "Страгино"
Дарс оли 2010 ҳукумати Маскав лоиҳаи наверо баҳри барқарорсозии 39 кинотеатри Шӯравӣ, ки бо номҳои ҷумҳуриҳо ва шаҳрҳои кишварҳои аъзо ба монанди Боку, Уланбатор, Қирғизистон ва ғайраҳо номгузорӣ шуда буданд ба роҳ монд.
Ҳукумати шаҳр баҳри муайянсозии тақдири кинотеатри “Тоҷикистон”, ки ба як бозори пур аз пасмондаҳои молу коло ва лавҳаҳои рекламавӣ табдил ёфта буд хело фикр карданд.
Бино зиёд хароб шуда буд, ба ин хотир дар соли 2014 ба қароре омаданд, ки биноро аз байн бурда дар ҷояш бинои нав сохта, дар охири соли 2019 маркази фарҳангию фароғатии “Страгино”-ро ифтитоҳ намоянд.