Бобоҷон Ғафуров олими сатҳи ҷаҳонӣ – навор

Хотираҳои қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуровро то ҳол дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия пос медоранд
Sputnik

Дар кӯчаи Рожденственскаяи шаҳри Маскав дар биное, ки дар асри 18 сохта шудааст Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (АИР) ҷойгир шудааст. Муддати зиёда аз 21 сол мудири ин пажуҳишгоҳ, ходими давлати, академик, қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров буд.

Хотираҳо дар бораи Ғафуров дар дохили ин бино то ҳол маҳфузанд. Дар даромадгоҳи он акси олими сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар қолинчае аккоссӣ шудааст овезон аст.

Дар миёни солҳои 50 маълум гардида буд, ки фаъолияти Институти Шарқшиносӣ на он қадар хуб аст. Фаъолияти онро зиёд интиқод мекарданд, ҳатто худи Ғафуров низ чандин маротиба аз фаъолияти на он қадар қобили қабулашон танқид карда буд. Ба гуфтаи академик Рибков дар он даврон мазҳакаомез ин гап анъана шуда буд: “Шарқ бедор шуду Институти шарқшиносӣ то ҳол хоб аст”.

Бобоҷон Ғафуров ва нақши ӯ дар рушди Институти шарқшиносӣ дар шаҳри Маскав

Ҳамин тариқ Бобоҷон Ғафуровро, ки тайи 10 сол роҳбари аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд мудири Институти Шарқшиносӣ интихоб карда шуд.

Ғафуров тавонист дар як муддати кутоҳ вазъи пажуҳишгоҳро беҳтар гардонад. Аз фаъолияти ӯ як сол нагузашта бори аввал дар шаҳри Тошканд аввалин конфронси илмии шарқшиносони ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Дар давоми як сол Ғафуров тавонист, ки шумораи кормандони Институтро аз 185 нафар ба 338 кас расонад.

Дар баробари ин вазъи молии институт беҳтар гаштан гирифту кормандонаш тез-тез ба хизматҳои илмӣ-амалӣ сафарбар гардидан гирифтанд.

Ғафуров сохтори дохилии Институти шарқшиносиро бо мақсади қавитар омӯхтани таъриху фарҳанги мамлакатҳои Шарқ мувофиқ гардонд. Дар назди Институт “Нашриёти адабиёти Шарқ” - ро ташкил намуд.

Дар давраи сарварии Б. Ғафуров шумораи кормандони илмии институт беш аз 9 баробар афзуда, соли 1977 ба 839 нафар расида буд.

Ҳамин тариқ Ғафуров тайи 21 сол пажуҳишгоҳро роҳбарӣ намуда то соли 1977, яъне вафоташ дар пешрафти он хидмат кардаааст.

“Мудирияти Ғафуров давраи беҳтарин дар таърихи Институти шарқшиносӣ мебошад”, - ёдовар мешавад филолог ва японшиноси машҳур Владимир Михайлович Алпатов.

 Аз ду кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав чӣ боқӣ мондааст?

Дарвоқеъ, ба ин вазифа таъйин намудани Б. Ғафуров ба даврае рост омад, ки зарурати бардоштани нуфузи ин маркази муҳими илмӣ дар доираҳои мақомоти ҳизбию давлатӣ торафт равшантар эҳсос мешуд. Зеро нуфузи Институти шарқшиносӣ дар арафаи директори он таъйин гардидани Б. Ғафуров то дараҷае пойин рафта буд, ки дар зинаҳои болоии роҳбарияти мамлакат, ҳатто масъалаи барҳам додани он ва ба зиммаи академияҳои ҷумҳуриявиву факултетҳои таърихи донишкадаю донишгоҳҳои олӣ вогузор шудани масоили илмии шарқшиносӣ пеш омада буд. Ба гуфтаи академик Е.М. Жуков дараҷаи омӯзиши масъалаҳои Шарқ аз талаботи замон тамоман қафо монда буд.

Дар кадом ҳолат қарор доштани Институти шарқшиносӣ ва ба кадом сатҳ расидани онро дар давраи роҳбарии Б. Ғафуров (1956 - 1977) ёддошту гузоришоти ҳамкорони ӯ, ки тамоми фаъолияти худро барои рушди ин равияи илмӣ бахшидаанд, то андозае равшан кардаанд. Яке аз ҳамкорони Б.Ғафуров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Г.К. Широков аз хизмати беҳамтои ӯ дар рушди шарқшиносӣ ёдовар шуда, чунин қайд кардааст: “Ба шарқшиносӣ омадани Б. Ғафуров барои таҳаввулоти ин соҳаи илм роҳи васеъ кушод... Ман махсус аз омадани ӯ ба Институти шарқшиносӣ не, балки аз шарқшиносӣ мегӯям. Чунки роҳбарӣ ба ин маркази калони илмӣ ва амалан таъсир гузоштан ба маҷаллаҳо ва нашриёт маънии роҳбарӣ намудан ба ҳамаи ин соҳаи илмро дошт”.

Бояд гуфт, ки бо нашри китоби “Тоҷикон” дар бораи таърих ва кӣ будани халқе бо номи тоҷик дар Осиёи Марказӣ Ғафуров ин милатро ба ҷаҳониён ошно кард ва исбот кард, ки тоҷикон ягона халқест дар Осиёи Миёна, ки кучманчӣ набудаанд ва дар замини худ зиндагӣ доранд.