Аҳмадзода ба аёдати ангурпарвари беҳтарин Ҷура Бобоеви 89-сола рафт

Ҷура Бобоеви 89 сола аз соли 1960 ба токпарварӣ машғул буда, соли 2008 ҳамчун “Ангурпарвари беҳтарин” шинохта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни сафари кориаш ба шаҳри Истаравшан ба аёдати собиқадори меҳнат ва дорандаи ордени “Шараф”, дараҷаи II​ Ҷура Бобоев рафт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд идгардак кард: Аҳмадзода ба аёдати шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод рафт

Бино бар иттилои манбаъ, Ҷура Бобоеви 89 сола аз соли 1960 ба токпарварӣ машғул буда, соли 2008 ҳамчун “Ангурпарвари беҳтарин” шинохта шуда буд.

Мавсуф соҳиби 9 фарзанд, 34 набера ва 10 абера аст ва сарвари хоҷагии деҳқонии “Ҷура Саркор” мебошад.

“Ҷура Бобоев 14 гектар ток бунёд карда, дар парвариши навъҳои кишмиши сиёҳу сафед, ҳусайнӣ, чиллагӣ, соҳибӣ, калони сурху сафед, тагобӣ, ангури сурхак, васарға ва тоифӣ таҷрибаи бой дорад ва устоди кори худ мебошад”, таъкид намудааст манбаъ.

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар додааст, раиси вилоят зимни аёдат бо ин куҳансол суҳбат намуда, фаъолияти кории ӯро намунаи ибрат барои насли ҷавон арзёбӣ кардааст.

“Маҳз кору пайкори чунин шахсиятҳои соҳибтаҷриба барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат менамояд”, - зикр намудааст раиси вилояти Суғд.