ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 10-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти Тоҷикистон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сафар кард.
Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки зимни сафари корӣ қарор аст, раисҷумҳур як қатор иншооти маданӣ-маиширо ифтитоҳ намояд.
“Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳияи Муъминобод Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин рӯз мардуми ноҳия барои истиқболи роҳбари давлат омада, як барномаи дидании фарҳангиро, ки саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, манзури ҳозирин гардониданд.