ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 6- уми сентябри соли равон рух додаст.
Манбаъ меафзояд, марди 35- сола, сокини деҳаи Сучинаи шаҳри Панҷакент, ки қаблан низ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон доғи судӣ доштааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Сатторов аз “Воҳиди махсус” гуфт, чаро занро дар Душанбе латукӯб кард – видео
"Номбурда, рӯзи 28-уми майи соли 2019 бо зани 30-солаи сокини деҳаи мазкур тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷоя нисбати фарзанди ҳамсараш, писарбачаи 4-сола мунтазам муносибати бераҳмона намуда, доимо ӯро лату кӯб мекардааст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Зимнан, қайд мегардад, ки рӯзи 6- уми сентябри соли равон номбурда дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 8-уми сентябри соли равон ба ҳалокат расидааст.
"Шавҳари судшуда барои латукӯб зани 23-солаашро кушт”
ВУД мегӯяд, феълан нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.