Консерти идона ба муносибати Рӯзи истиқлол дар Душанбе - видео

Барномаи ҷашнӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бо иштироки ҳазорон тамошобинон анҷом ёфт
Sputnik

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахти Тоҷикистон бо барномаи рангину пурмӯҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон хушу хотирмон оғоз ёфт.

Қарор ва изҳорот "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санаи 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд.

Консерти ситораҳои тоҷик барои сокинони пойтахт дар рӯзи Истиқлолият

Зимнан, мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", санаи 9 сентябр рӯзи истироҳат эълон шуда, рӯзҳои пеш аз ин  7 ва 8 сентябр ба шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд.

Пештар хабар дода будем, ки чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" доир мегардад, ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

Қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ тасмим гирифта буд, ки дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вуруд ба чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатии пойтахт ба таври ройгон сурат мегирад.

Гузашта аз ин бо тасмими Рустами Эмомалӣ  барои ятимони кул ва камбағалон, тамошо аз боғу осорхонаҳои пойтахт ройгон ба роҳ монда мешавад.