Додгоҳи Киев Вишинскийро бар ивази кафолати шахсӣ, ки бо нахустин даъват ба мурофиа ҳозир хоҳад шуд, аз ҳабси пешакӣ озод намуда буд.
Бозгашти Кирилл Вишинский ба Маскав - видео
Сармуҳаррири сомонаи РИА Новости - Украина Кирил Вишинский давоми 400 рӯз дар ҳабс қарор дошт.
Кирилл Вишинский 15-уми майи соли 2018 дастгир шуд. Хадамоти амнияти Украина эълом кард, ки ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор мекунад.
Навори Вишинский баъди раҳоӣ аз ҳабс ва нахустин нияташ дар озодӣ-видео
Вишинский таъкид намудаст, ки иттиҳом алайҳи ӯ аз аввал бепоя буд ва омӯзишу исботи беасос будани ин айбҳо дар мурофиаи додгоҳ ба манфиати худи ӯст.