ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Вуруди барқияҳои шодбошӣ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома дорад.
"Мо бе камбудӣ нестем": паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон - видео
Бар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский низ ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намудаст.
Дар номаи шодбошии Зеленский аз ҷумла чунин омадаст:
"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати иди миллӣ – Рӯзи итиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям".
Зеленский изҳори итминон намудаст, ки дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ асоси муътамади рушди минбаъдаи муносибатҳои байни давлатҳо ва таъмиқи ҳамкориҳои Украинаву Тоҷикистонро дар ҳамаи соҳаҳои барои ҷонибҳо судманд ташкил медиҳад.
Раисҷумҳури Украина ба Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон сиҳатии комил, дар фаъолияти давлатиаш муваффақиятҳои навин ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон рифоҳу шукуфоӣ таманно намудаст.
Тоҷикистон имрӯз аз 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн мегирад ва ба ин муносибат раисҷумҳурони кишварҳои хориҷ сар аз дирӯз ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳои шодбоширо ирсол медоранд.