Баландии сарбанд ва ҳаҷми об дар обанбори "Роғун"-ро ба раисиҷумҳур гуфтанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз аз сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” низ дидан кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки сарбанди Роғун то сатҳи 1065 метр аз сатҳи баҳр бардошта шудааст ва дар он 6 миллион метри мукааб масолеҳи сохтмон рехтаву қабат ба қабат хобонида шудааст.

Аз дудилагии Раҳмон то дастури қатъӣ ба Расулзода: кори намешуданӣ нест-акс

“Ҳоло сатҳи оби обанбор ба 1058 метр расонида шудааст ва он имкон фароҳам меорад, ки ду агрегати навбати аввали нерӯгоҳ фаъолият намоянд”, - омадааст дар иттилоия.

Котибот зикр кардааст, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида буд.

Ҳамон рӯз Президент паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин нерӯгоҳи азим оғоз бахшид, гузориш дод дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Навори фаъолсозии чархаи дуюми “Роғун” ва суханронии раисиҷумҳур - видео

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад.

НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт , беш аз 17 миллиард киловатт-соат, калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.