Таъсиси клуби дӯстони Тоҷикистон ва интихоби раис дар Санкт-Петербург

Дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Клуби дӯстони Тоҷикистон таъсис дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Давлаталӣ Назризода, консули генералии Тоҷикистон дар Санкт Петербург аз таърихи муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия, сафарҳои нависанда ва мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш ба Санкт-Петербург, саҳми олимони рус дар омӯзиши табиату наботот, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, саҳми халқи рус дар рушди Тоҷикистон гузориш додаст, навиштааст “Ховар”.

Офарин ба таҳаммулпазирии мардуми рус: суҳбати Сино, овозхони тоҷики муқими Русия

Дипломати тоҷик зикр кардаст, ки ҳамкории минтақавии Тоҷикистон бо субъектҳои Русия,  хусусан Санкт-Петербург, ки бо Душанбе бародаршаҳр мебошад, ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд, ки дар ин ҷода Клуби дӯстони Тоҷикистон метавонад фаъолияти назаррас дошта бошад.

Манбаъ афзуд, ректори Донишкадаи Смолний, доктори илмҳои таърих Виктор Прокопевич Казантсев аз солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон ба некӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкориро дар соҳаи маориф, алалхусус омода кардани олимони ҷавон муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки омода аст барои тайёр кардани олимони ҷавони соҳаи таърих ва дастрасӣ ёфтани онҳо ба бойгониҳои Русия кумаки худро расонад.

Нишасти изтирории ҳавопаймои самти Петербург - Хуҷанд дар Екатеринбург

Вероника Евгеневна Нуждина, директори ширкати “Спансет” дар бораи сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, дар бораи табиат, шароити сайёҳӣ, имкониятҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ тавассути тавсеаи робитаҳои тиҷоратии Клуби дӯстони Тоҷикистон ҳарф зад ва иброз дошт, ки ин, бешубҳа, ба муаррифии беҳтари Тоҷикистон дар пойтахти фарҳангии Россия таъсири худро гузошта метавонад.

Мудири кулли ширкати “STI Inernational” Олга Владимировна Ходаковская, ки ҳамзамон раиси ТОП-50 соҳибкори муваффақи Санкт-Петербург мебошад, гуфт моҳи октябр дар анҷумани соҳибкорон ҳамкасбони тоҷикистонии худро роҳандозии робитаҳои мустақим бо Санкт-Петербург даъват менамояд.

Тибқи гузориши “Ховар” дар ҳамоиш Вероника Нуждина якдилона роҳбари Клуби дӯстони Тоҷикистон интихоб гардид.