Номаи Аълоҳазрат Оқохони IV ба Эмомалӣ Раҳмон

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Оқохони IV кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 28-умин солгарди истиқлол муборакбод гуфтааст.

Дар иттилоияе, ки дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки "номаҳои табрикотӣ аз Шоҳи Нидерланд – Уилям Александр, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оқохони IV ва Директори Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид – Тсю Донжуй ва дигарон расиданд".

Номаи Доналд Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон

Матни номаи шодбошии Аълоҳазрат Оқохони IV дар котиботи раисиҷумҳур нашр нашудааст.

Манбаъ афзуда, ки вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Пештар хабар дода шуд, ки ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз номи якқатор кишвардорон номаҳои шодбошӣ расидаанд.

Ҳамин тавр Владимир Путин президенти Русия дар номааш гуфтааст, ки бовар дорад, бо талошҳои муштарак муносиботи  Русия ва Тоҷикистон минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.

Шавкат Мирзиёев дар ин росто ба таҷриба ва маҳорати корбарии раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳои баланд дода, гуфтааст, ки "ҳамаи дастовардҳо, бешубҳа, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги ходими давлатии Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардидаанд.