ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Собиқ сарнишини ҳавопаймои президентӣ Ил-96 дар мусоҳиба бо шабакаи НТВ дар бораи нишасти изтирории ҳавопаймо, ки дар дохилаш Владимир Путин қарор дошт, зимни парвоз аз Маскав ба Санкт-Петербург, нақл кард.
Ба гуфти ӯ ҳаво он рӯз дар ҳарду шаҳри Русия номусоид буд ва бод хеле сахт мевазид.
Президенти Русия бояд ба вохӯрӣ мерафт, аз ин рӯ қарор шуд, бар хилофи номусоидии ҳаво парвоз анҷом дода шавад.
Маҷбур шудем ҳавопайморо зери борони шадид фуруд орем. Он замон ҳатто автопилот аз кор монда буд.
Ҳавопаймои президентҳо: кӣ бо кадоме ба Бишкек парвоз кард?
"Мо 9 ҳазор километр боло рафтем ва ҳавопаймо чунон такон мехӯрд, ки агар тасмаҳои бехатарӣ намешуданд, сари мусофирон ба сақфи ҳавопаймо бармехӯрд", - нақл мекунад сарнишин.
Сарнишин изҳор дошт, ки ин парвоз дар таҷибаи 40-солаи ӯ хатарноктарин буд.