Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти якчанд гурӯҳ хабар медиҳад, ки дар ташкили бозии ба истилоҳ "алик-малик" даст дошта, ба фиреби сокинон машғул буданд
Sputnik

Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, кормандони бахшҳои оперативии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар маконҳои баргузории қиморбозиҳо рейд ва чорабиниҳои оперативӣ амалӣ намуданд.

Дар Душанбе фаъолияти ду қиморхонаи ғайрирасмӣ масдуд шуд

Бар хабари манбаъ, дар натиҷаи рейди мазкур якчанд гурӯҳҳои қиморбоз, ки бо роҳи фиреб ва ҷалби таваҷҷӯҳи шаҳрвандон маблағҳои пулии онҳоро азони худ мекарданд, дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оварда шуданд.

“Қапқон”-и зиддифасод ё чи гуна дар шаст ҳамеша “моҳичаҳои хурд” дармеафтанд?

ВУД меафзояд, аз ҷумла, шаҳрванд Баротов Муродалӣ Тошмадович, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, дар назди Маркази савдои "Содо"» ҳангоми ба бозии ба истилоҳ "алик-малик" машғул будан дастгир карда шуд.

"Номбурда гарчанде чандин маротиба барои ин кирдори ғайриқонунӣ дастгир ва нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, тарки ин одат накардаааст. Баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии "алик-малик" машғул шуда, бо ин роҳ маблағ ба даст меовард", - омадааст дар хабари манбаъ.

Вобаста ба ин нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд. 

Дар Тоҷикистон сатҳи ҷиноятҳои қаллобӣ ва авбошӣ афзоиш ёфтаст

Зимнан манбаъ қайд мекунад, ки  дар натиҷаи ин амалиёт дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 3-нафар қиморбоз дастгир карда шуд, ки онҳо асосан бо ивази маблағҳои пулӣ ба қиморбозӣ машғул будаанд.

Инҳо шаҳрвандон: Муқимов Муродалии 40 сола, сокини н.Восеъ, кӯчаи А. Ҷомӣ, оиладор соҳиби 5-фарзанд,  Раҳимов Фирдавси 29 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум, оиладор соҳиби 2-фарзанд, Акбаров Мансури 35 сола,  сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Қосимова, оиладор соҳиби 4-фарзанд мебошанд.

ВУД муайян намуд, ки роҳбарии ин гурӯҳи қиморбозро шаҳрванд Муқимов Муродалӣ бар ӯҳда дошта, тақрибан муддати 10-сол мешавад, ки бо чунин роҳ зиндагонии худро пеш мебурдааст.

"Ӯ бар замми худ ба ин роҳи хато рафтан, чандин нафарони дигарро низ қиморбоз намуда, ба қавле як гурӯҳи қиморбозиро ташкил ва дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо қиморбозӣ ба ивази маблағ шаҳвандонро фирефта ва тамоми маблағҳои онҳоро аз они худ мекардаанд", - мегӯяд манбаъ.

Зимнан худи боздоштшудаҳо иқрор намудаанд, ки дар ин бозӣ ҳеҷ кас бурд намекунад ва он танҳо фиреб ҳасту халос.

Бо дар назардошти ин нисбати номбурдагон бо моддаи 465 (Қиморбозӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд.

Додгоҳ дар дар навбати худ, нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 5 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намуд.