Дар ноҳияи Панҷ хонандаи синфи 3 пас аз ҷанҷоли телефонии волидонаш, худкушӣ кардаст

Омили даст ба худкуши задани кӯдаки ноболиғ ба муноқишаи оилавӣ рабт дода мешавад. Падараш, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, зимни сӯҳбати телефонӣ бо модари марҳум ҷанҷол намуда гуфтааст, ки ҳамсараш ҳамроҳ бо духтараш ва тифти дар батн буда аз хона баромада равад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Панҷ хонандаи синфи 3 - юми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 даст ба худкушӣ задаст, хабар медиҳад сомонаи Фараж.

Даҳшат: наврасе дар вилояти Уляновск 5 узви оилаашро кушт ва сипас худкушӣ кард

Бар хабари манбаъ, Омина Маҳмадисмоиловаи 9 - сола худро рӯзи 4 - уми сентябр дар назди ҳавлии истиқоматияшон овезон кардаст.

Дар Душанбе ноболиғи 17- сола худро ба дарё партофта, худкушӣ кард

Пайвандонашон пас аз пайдо кардани ҷасади овезони Оиша, ӯро зуд ба шӯъбаи "Ёрии таъҷилӣ" - и Беморхонаи марказии ноҳия бурданд вале пизишкон изҳор намуданд, ки нобурда кайҳо боз ҷон дода будаст.

Манбаъ аз қавли мудири макотибе, ки марҳум дар он ҷо таҳсил мекард, хабар медиҳад, ки ҳодиса дар пайи як муноқишаи оилавӣ рух додааст ва сабабҳои онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ таҳқиқ доранд.

"Ба занаш гуфт, баъди ду соат баргард": худкушии мармузи Файзулло дар рӯзи ид дар Варзоб

Ба иттилои манбаъ, модари Омина бо шавҳараш Мурод, ки дар муҳоҷират будаасту он ҷо зан доштааст, бо телефон муноқиша кардааст. Шавҳараш гуфтааст, ки зану духтараш Омина ва тифли батни завҷааш ба ӯ даркор нестанд ва аз хона баромада раванд. Омина, ки дар назди модар будааст, садои падарашро шунида, таҳти таъсири равонӣ қарор гирифтааст ва худкушӣ кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, мақомот падари Оминаро таҳти пайгард қарор додаанд.