Дар Тоҷикистон маргу мири кӯдакони навзод афзоиш ёфтаст

Ба ҷузъ аз ВМКБ дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ афзоиши марги кӯдакони навзод мушоҳида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар нимаи авали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор кӯдак фавт кардаст, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Вазорати тандурустӣ гуфт, модарони тоҷик бисёр таваллуд мекунанд

Зимнан гуфта мешавад. ки дар ин муддат инчунин 105 ҳазор кӯдак ба дунё омадааст.

Мӯъҷиза: дар Қазоқистон зане дар ду моҳ ду фарзанд таваллуд кард

Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, тавлиди кӯдакон дар ҳафт моҳи охири соли равон дар вилояти Хатлон 5,1 дарсад, дар шаҳри Душанбе 8,3,  ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 6,4 фисад, вилояти Суғд 0,5 ва дар ВМКБ 6,2 дарсад сурат гирифтаст.

Ҳамзамон манбаъ таъкид мекунад, ки марги навзодон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 дарсад бештар ба қайд гирифта шудаст.

"Ба истиснои ВМКБ, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар рушди марги навзодон мушодиҳа мегардад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Бар асоси гузоришҳои ахири оморӣ, шумори аҳолии кишвар дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ ба 9 миллиону 212,1 ҳазор нафар расидаст.

Ҳукумати Тоҷикистон зоишро танзим мекунад

Бояд гуфт, ки шумори аҳолӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш ба андозаи 2,2 дарсад афзоиш ёфтаст.