Зану мардро бар ивази пул шинос мекард: боздошти зани 49-сола барои даллагӣ

Кормандони милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов зани 49-соларо бо гумони даллагӣ боздошт намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов зани 49-солаи сокини деҳаи Узбакқишлоки ҳамин ноҳия бо гумони ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд. 

Шинос мекарду пул мегирифт: дар Суғд зани 43-солаеро ба иттиҳоми даллагӣ боздошт карданд

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 2-юми сентябри соли равон, тахминан соати 12:00, дар ҳавлии истиқоматиаш марди 27-солаи сокини ноҳияи Спитамен ва зани 37-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

Тавре ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, дар ҳоли ҳозир, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи августи соли равон кормандони милитсияи пойтахт окини 26 - солаи шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

номбурда, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, рӯзи 29-уми августи соли равон барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 26-сола ва зани 23-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.